Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент — шоҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон доир шуд.
Дар конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Дилрабо Мансурӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону донишмандон, муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

