МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 250 НАФАР БАРГУЗОР ШУД…
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 250 НАФАР БАРГУЗОР ШУД
Субҳи имрӯз дар назди Маҷмааи тенниси шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 250 нафар омӯзгорону кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Тавре аз ҷараёни чорабинӣ иттилоъ дода шуд, машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фарҳанги варзишӣ ва ҷалби аҳолӣ ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ ташкил карда шуд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён таҳти роҳбарии мутахассисон машқҳои гуногуни ҷисмониро иҷро намуда, бо ин васила аҳамияти варзишро дар таҳкими саломатӣ ва нигоҳдории неруи ҷисмонӣ таҷассум карданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои муҳимми тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор рафта, ба баланд бардоштани сатҳи солимии ҷомеа ва ташаккули фарҳанги оммавии варзиш мусоидат менамояд.

