БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ…

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Боғ 21 апрели соли 1960 таъсис ёфта, соли 2017 таъмиру азнавсозӣ ва дубора мавриди истифода қарор дода шудааст.

– Масоҳати умумӣ: 16,24 гектар.
– Шумораи кормандони фаъол: 107 нафар.
– Шумораи дарахту буттаҳо: 4082 бех.
– Шумораи гулҳои гуногун: 137 510 адад.
– Фаввораҳо: 9 адад.
– Майдончаҳои варзишӣ: 2 адад.
– Лавозимоти варзишӣ: 32 адад.
– Аттраксионҳои кӯдакона: 20 адад.
– Амфитеатр: дорои 1604 ҷойи нишаст.
– Курсиҳои нишаст: 141 адад.
– Чароғҳои равшанидиҳанда: 441 адад.

Дар ҳудуди боғ инчунин муҷассама ва мақбараи устод Садриддин Айнӣ ҷойгир буда, он яке аз маконҳои муҳими фарҳангию фароғатии пойтахт ба ҳисоб меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE