Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми солонаи иштирокчиёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи самараноки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҳамоиш ба масъалаҳои такмили механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ, баланд бардоштани самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ ва татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Конференсия ба таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия равона шудааст.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

