Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии шоҳмот таҳти унвони «Ҷоми дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»…

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии шоҳмот таҳти унвони «Ҷоми дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида истодааст. Чорабинии варзишӣ аз 9 то 17 ноябри соли 2026 идома ёфта, дар он шоҳмотбозони кишварҳои гуногун иштирок доранд.

Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ташкил гардида, ба тақвими байналмилалии Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот (FIDE) ворид шудааст.

Тибқи маълумоти нашршуда, рақобатҳо дар ду гурӯҳ — «А» ва «Б» баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «А» шоҳмотбозони дорои рейтинги 2200 ва болотар ва дар гурӯҳи «Б» варзишгарони дорои рейтинги то 2199 иштирок мекунанд.

Бозиҳо аз рӯйи низоми швейтсарӣ дар 9 давр баргузор гардида, барои ҳар як бозигар 90 дақиқа вақт бо иловаи 30 сония барои ҳар як ҳаракат пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи мусобиқа рушди шоҳмот, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии шоҳмотбозон ва муаррифии имкониятҳои варзишии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Саёҳат Содиқова
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE