13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Бинои тозабунёд дорои 39 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳ бо 108 курсӣ, ошхона барои 80 кас, хобгоҳ ва китобхона аст.
Дар бинои нави бозрасӣ бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои шаҳри Душанбе низ ҷойгир шудааст, ки дар он мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолият карда, назорати идоракунии чароғакҳои роҳнамо ва пешгирӣ аз тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар пойтахти кишвар таъмин менамоянд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти хизматӣ, баланд бардоштани самаранокии кори кормандон ва тақвияти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон қадами муҳим ба шумор меравад.

