ДАР ДУШАНБЕ РӮЗИ ҲАФТУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ИДОМА ДОРАД…

ДАР ДУШАНБЕ РӮЗИ ҲАФТУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ИДОМА ДОРАД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҳафтуми даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст.

Дар ин даври озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз рӯйи номинатсияҳои муқарраргардида донишу маҳорати худро нишон дода, дониши адабӣ, ҷаҳонбинӣ, маҳорати таҳлилу тафсир ва ҳифзи осори бадеиро муаррифӣ менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти қобилияти зеҳниву эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва тарғиби фарҳанги мутолиа миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мегардад.

Баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими маърифати ҷомеа, рушди тафаккури созанда ва арҷгузорӣ ба китобу китобхонӣ нақши муҳим дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE