ДАР ДУШАНБЕ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА ЗАБОНИ ОЛМОНӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА ЗАБОНИ ОЛМОНӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон маросими муаррифии китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба забони олмонӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки нашри китоби «Тоҷикон» ба забони олмонӣ дар муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дошта, барои шиносоии хонандагони кишварҳои олмонизабон бо таърихи пурғановати халқи тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки китоби «Тоҷикон» асари бунёдии илмӣ-таърихӣ буда, дар омӯзиш ва муаррифии таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик мавқеи хос дорад. Тарҷума ва нашри он ба забонҳои хориҷӣ барои густариши робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, иштирокчиён аҳамияти тарҷумаи осори таърихию фарҳангии миллати тоҷикро ба забонҳои хориҷӣ дар таҳкими муколамаи тамаддунҳо ва муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Муаррифии китоби «Тоҷикон» ба забони олмонӣ иқдоми муҳим дар роҳи муаррифии таърихи пурифтихор ва мероси маънавии миллати тоҷик дар фазои байналмилалӣ ба шумор меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE