ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ 45-УМИ ПЛЕНАРИИ ГУРӮҲИ АВРУОСИЁ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ ДАРОМАДҲОИ ҶИНОЯТӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ 45-УМИ ПЛЕНАРИИ ГУРӮҲИ АВРУОСИЁ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ ДАРОМАДҲОИ ҶИНОЯТӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Гурӯҳи Авруосиё иштирок намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони нӯҳ давлати узви ГАО, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доранд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пешгирии маблағгузории терроризм ва дигар таҳдидҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои такмили низомҳои миллии муқовимат ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадамро баррасӣ менамоянд.
Зикр мегардад, ки ҳамкории кишварҳои узви ГАО дар самти мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ, ошкор ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маблағҳо, инчунин таъмини амнияти низоми молиявӣ аҳамияти муҳим дорад. Баргузории чунин ҳамоишҳо барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор ва таҳияи роҳҳои муассири муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ замина фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Гурӯҳи Авруосиё соли 2004 таъсис ёфта, ҳамчун сохтори минтақавии ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм фаъолият менамояд.
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё дар шаҳри Душанбе аз 16 ноябр оғоз гардида, то 20 ноябри соли 2026 идома меёбад. Дар доираи он инчунин баргузории вохӯриҳо ва ҷаласаҳои сохторҳои кории ГАО пешбинӣ гардидааст.

