ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» ҚАДРДОНӢ ШУДАНД…

ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Dushanbe EXPO» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол», ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷамъбаст карда шуд.

Дар натиҷаи озмун беҳтарин ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт муайян гардида, ғолибон бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳадафи баргузории озмун дастгирии ҳунармандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE