Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад…
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз, 29 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
Барои иштирок дар Форум роҳбарони парламентҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

