«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид…
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар рушди низоми бонкии Тоҷикистон нақши назаррас мегузорад.
Тибқи маълумот, ба ҳолати 30 сентябри соли 2026 дороиҳои Бонк ба 1 миллиарду 445,0 млн сомонӣ расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 79,3 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, ҳаҷми умумии уҳдадориҳо 677,8 млн сомонӣ ва сармояи Бонк 767,2 млн сомониро ташкил додаанд.

