РОҲПОЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ АНҶОМ ЁФТ…
РОҲПОЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ АНҶОМ ЁФТ
Тавре иттилоъ дода будем, Роҳпаймоии идона, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, то ба майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.
Пас аз расидани иштирокчиён ба майдони мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо аз мақому манзалати Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва ифтихори ватандории мардуми Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ ба ифтихори ин санаи муҳими миллӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар ва санъат пешниҳод шуда, ба тантанаҳои идона шукӯҳи хосса зам намуд.

