ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ МИЛЛИИ КОМИССИЯҲО ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ МИЛЛИИ КОМИССИЯҲО ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БАРГУЗОР ГАРДИД

Форуми мазкур аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст.

Ҳадафи форум баррасии масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, тақвияти фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 мебошад.

Дар форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни форум масъалаҳои ислоҳот ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар доираи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2026–2030, адолати судӣ барои кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар муҳити рақамӣ, тартиби баргардонидани кӯдакон аз давлатҳои дигар ва расонидани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими хизматрасониҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳа, таъсиси марказҳои махсусгардонидашудаи ҳифзи кӯдакони ҷабрдида ва шоҳиди ҷиноят дар доираи механизми «Барнахус», инчунин ташкили махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони дорои маъюбият, ятим ва бепарастормонда баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни форум иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ аз рӯйи чор самти асосӣ, аз ҷумла масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, мониторинг ва маълумот, мубодилаи афкор намуданд.

Дар муҳокимаҳо масъалаҳои муайян намудани мақомоти масъул, тартиби мубодилаи маълумот ва ҳамоҳангсозии байниидоравӣ баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми форум натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҷамъбаст гардида, қабули Эъломияи форум пешбинӣ шудааст. Эъломияи мазкур уҳдадориҳои муштараки иштирокчиёнро ҷиҳати тақвияти фаъолияти комиссияҳо, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таъмини амнияти кӯдакон дар муҳити рақамӣ ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири рақамӣ инъикос менамояд.

Таъкид гардид, ки таъмини ҳуқуқу манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак масъулияти муштараки сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд буда, татбиқи он бояд бо тадбирҳои мушаххас ва натиҷаҳои воқеӣ таъмин карда шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE