ДАР ДУШАНБЕ ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШИИ «ДАВ» БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШИИ «ДАВ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе дар доираи маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишии «Дав» таҳти унвони «Қувваи ман барои зӯроварӣ нест» баргузор гардид.

Чорабинӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва пешгирии зӯроварӣ равона шуда, иштирокчиён бо давидан аз иқдоми мазкур ҷонибдорӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE