Ҳусайн Сафарзода: асоси тарбияи насли наврасро маърифатнокии баланди онҳо ташкил медиҳад

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид. Он тӯли як ҳафта дар саросари мамлакат доир мешавад.

Ҳамасола 2 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ҳанӯз аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон , ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона шурӯъ гардида буд. Дар ин рӯз дар кишварҳое, ки узви ин созмон мебошанд, маросими бошукӯҳ баргузор карда мешавад.

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи китобу китобдорӣ ва ҳавасмандии кӯдакону наврасон ба китобхонӣ хеле боло рафтааст. Инчунин, солҳои охир теъдоди чопи китоб зиёд ва сифати маҳсулоти чопӣ низ баланд гардида, нашри адабиёти бачагона рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Беш аз понздаҳ сол аст, ки дар кишвари мо фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузаронида шуда, анқариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишварамон ин чорабинӣ ба таври бояду шояд идома меёбад.

Имсол низ истисно набуда, дар доираи ин фестивал барои кӯдакону наврасон, дӯстдорони каломи бадеъ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, озмунҳо, ҳамоишу ҷамъомадҳо идома доранд.

Ҳусайн Сафарзода, сарвари Китобхонаи давлатии бачагонаи чумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар   зимни ибрози андешахояш дар ин маврид гуфт, асоси тарбияи насли наврасу ҷавонро маърифатнокии баланди он ташкил медиҳад. Дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои таърихии миллат аз шохаҳои маърифат дониста мешавад.

Фестивали имсола ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф, инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон ва таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2020 — 2021 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.

Дар ҷараёни баргузории Фестивал таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорону мураббиён, олимону адибон ва китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон, эҳтиёҷоти китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат, фароҳамоварии шароити боз ҳам мусоид барои мутолиаи китоб ва ҳаллу фасли масъалаҳои табъу нашри китоб барои кӯдакону наврасон ҷалб хоҳад шуд.

Ҳусайн Сафарзода мегӯяд, ҳамасола зимни гузаронидани Фестивали мазкур барои ҷалби бештари диққати кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ навгониҳо ворид намуда, барои боз ҳам рангинии он ва диққатҷалбкунанда буданаш дар шаҳру навоҳии кишварамон ҳамчунин, корҳои заруриро анҷом медиҳем.

Мувофиқи маълумоти Ҳусайн Сафарзода дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар то 9 апрели соли ҷорӣ намоиш – фурӯши китобҳои бачагона аз ҷониби нашриёти ватанӣ пешниҳод мегардад. Ҳар сокини пойтахт ва меҳмонон метавонанд аз ин макон китобҳо, маҷалла ва рӯзномаҳои кӯдаконаро дастрас намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои илмомӯзиву донишандӯзии насли наврасу ҷавон шароиту имконияти зарурӣ фароҳам овардааст ва ҳар кӯдак метавонад дар ин муҳит истеъдоди худро ошкор намуда, рушд диҳад. Мувофиқи маълумоти директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» – и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Сулаймонӣ «тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 57 ҳазору 200 нафар кӯдакону наврасон ба ҳисоб гирифта шуда, ҳамзамон ҳар сол 200 ҳазор таваллуди кӯдак ба қайд гирифта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар 5 соли оянда барои як миллион насли навраси муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ адабиёти аз синни 3 то 7 сола зарур мешавад. Инчунин, таҳия ва омода намудани асарҳои бачагона бояд, ки қабл аз ин тарҳрезӣ карда шавад».

Мавсуф тазаккур дод, ки «агар мо аз ҳар номгӯй китобҳои бачагона 500 нусхагӣ чоп намоем, дар ҳоле, ки қариб се миллион хонанда дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фарогиранд, онҳоро пурра бо ғизои маънавӣ таъмин карда наметавонем. Дар ин ҳол чопи ҳар номгӯй китоб аз 5000 то 10 000 нусха ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зиёд гардидани теъдоди китобҳои бачагона ба паст рафтани нархи китоб мусоидат хоҳад кард».

Ҳабиб Сулаймонӣ иброз дошт, ки «адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи кӯдак мебошад, ба вуҷуд меояд. Барои ҳавасмандӣ ба китоб ва дар замири кӯдакон ҷой намудани меҳри он волидайн муваззафанд. Зеро китоб дӯстест, ки ба ту хиёнат намекунад, рафиқест, ки туро хаста намекунад, роҳнамоест, ки туро ба бадбахтӣ намеандозад. Ҳар чӣ бештар ба китоб бингарӣ, туро баҳраманд месозад ва истеъдодҳоятро шукуфо, забонатро шево ва сохторатро зебо мегардонад. Ҳар чӣ бештар китоб бихонӣ, суханону калимаҳои зебое аз забонат берун хоҳанд омад ва дар натиҷа хурсанду ором хоҳӣ гашт». 

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE