Мусобиқаи байналмилалии барномасозии ICPC
Донишҷӯёни Донишкадаи инноватсионии Душанбе дар мусобиқаи байналмилалии барномасозии ICPC (Мусобиқаи байналмилалии барномасозии донишҷӯён) иштирок намуда, дар даври минтақавии Авруосиёи Шимолӣ соҳиби дастовард гардиданд.Мусобиқа санаи 16–17 декабри соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, дар он дастаҳои барномасози кишварҳои минтақа иштирок карданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки имрӯз дар донишкада 8 нафар донишҷӯи хориҷӣ (4 нафар аз Танзания, 3 нафар аз Покистон ва 1 нафар аз Индонезия) таҳсил мекунанд. Шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ барои ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсили ҷорӣ низ тадбирҳо меандешад.
Дар давраи таътили тобистона низ донишҷӯён ба сафарҳои омӯзишӣ ҷалб шуданд. Аз 20 то 23 июли соли 2025 гурӯҳи донишҷӯён ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, аз донишгоҳҳои пешрафта, аз ҷумла:
American University of Technology (AUT),
Inha University in Tashkent,
New Uzbekistan University,
Turin Polytechnic University in Tashkent
дидан карданд.
Муқаддас Машрабиён

