Душанбе: Узбекистонӣ ғолиби Ниммарафони XI байналмилалӣ миёни мардон шуд
Ҳамасола ҳафтаи 3-юми моҳи апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 17 апрел рост омад ва шаҳрдории Душанбе бахшида ба ин ҷашн 1 қатор чорабиниҳоифарҳангиву варзишӣ ва оммавиро пешбинӣк ардааст. Аз ҷумла, аз субҳи барвақт дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт сайругашти оммавии сокинону меҳмонони Душанбе, инчунин намоиш – фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил шуда, мутрибон ва овозхонҳои дастаҳои ҳунарии пойтахт бо шеъру тарона барои сокинон ва меҳмонони базми бошукӯҳи идона барпо намуда истодаанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин муносибат Ниммарафони 11 – уми байналмилалӣ баргузор гардид.
Имрӯз аз субҳи барвақт назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шукуҳи идона дошт. Таҷамӯи зиёди одамон дар ин макон ба хотири ширкат дар Ниммарафони 11 – уми байналмилалӣ гирд омада буданд. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт доир гардид.
Масъулин аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанюе иттилоъ доданд, ки дар чорабинӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷ, аз қабили Россия, Қирғизистон, Қазоқистон,Афғонистон, Ӯзбекистан, Арабистони Саудӣ, Олмон,Бразилия, Эфиопия Мексико ва созмонҳои байналхалқии муқими Душанбе ширкат намуданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафон 493 049 (чорсаду наваду се ҳазору чилунуҳ) сомонӣ ҷудо гардид.
Ниммарафон соати 09:00 аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, ба поён расид. Он дар масофаи 21,97 км доир шуд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе ва Дилшод Назарзода, муовини раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиш ширкат намуданд. Мавсума Муинӣ ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин рӯзи фархунда аз номи раиси шаҳр табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ таманно намуданд.
Сипас, дар вақти муқарраргардида ниммарафон оғоз шуд ва варзишгарони касбиву ғайрикасбӣ паҳлӯи ҳамдигар вориди сабқат шуданд. Шоҳрух Давлатов, ки таҳти рақами 2 медавид ва Узбекистонро дар ин чорабинӣ намояндагӣ мекард, нахустин шуда, ба хатти марра расид ва парчами кишварашро дар ин чорабинии бошукуҳ баланд бардошт.
Аз пушти ӯ варзишгари Эфиопия, ки таҳти рақами 5 медавид хатти мараро убуркард ва барандаи мақоми дуюм гашт. Даванд аз Қирғизистон таҳти рақами 4 ҷои 3 – юмро касб кард. Намояндаи Тоҷикистон Ғайрат Олимов нафари 4 – ум буд, ки хатти мараро убур карда, ба қатори панҷгонаи беҳтаринҳои сабқат ворид шуд. Ӯ устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов буда, аз миёни мардон ягона буд, ки парчами кишвар ба ифтихораш боло шуд:
Аз миёни бонувон варзишгари Қирғизистон Даря Маслова, ки таҳти рақами 3 медавид сазовори медали тилло, намояндаи Узбекистон Грешина Вероника, таҳти рақами 1, ғолиби ҷойи дуюм гардид. Ҷойҳои 3, 4 ва 5 – ро намояндагони Тоҷикистон ЗулҳиҷҷаҒаффорзода , таҳти рақами 17, Маҳина Баротова, таҳти рақами 160 ва Раҷабгул Абдуллоева ишғол карданд.
Аз миёни онҳо Маҳина хурдтарин ширкаткунанда буд. Ӯ ҳанӯз хонандаи мактаб буда, дар синфи 9 – ум таҳсил менамояд. Маҳина ба чунин мусобиқа бори аввал ҳамроҳи падараш аз шаҳри Турсунзода омадааст. Ӯ мегӯяд, умед надошт, ки ғолиб шавад, вале тавонист парчами кишварро дар сатҳи ҷаҳон боло бардорад. Ба ғолибон дар фазои тантанавӣ медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот супорида шуд.
Бояд гуфт, ки чунин ниммарафони байналмилалӣ ба муносибати Рузи пойтахт аз соли 2010 инҷониб доир гашта, ҳадафи баргузории он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта мебошад.
Мирсаид Сатториён,
“Садои Душанбе”