Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ҷамъбаст шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Боғи Ирами пойтахт даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, ки бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷиртат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 давр баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар он ғолибони даврҳои қаблӣ аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, маҳсули дастони худро пешкаши ҷамъомадагон ва аъзои ҳакамон гардониданд.

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд. Даври аввали он дар ҳудуди шаҳраку деҳот, даври дуюм дар вилоятҳо ва даври 3-юми он, имрӯз дар Муассисаи давлатии Боғи Ирами пойтахт, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Федератсияи Иттифоқҳои мустақили касаба Маликшоҳ Неъматзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ва роҳбарони дигар вазорату кумитаҳо, инчунин ҷалби зиёди ҳунармандону меҳмонони пойтахт ҷамъбаст гардид.

Нахуст, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба ҳамаи иштирокчиён аз номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷрояи Президент миннатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд намуда истодаанд. “Бо ташаббуси Президенти мамлакат ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунармандону соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок муқаррар гардидаанд.

“Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода мебаранд”, – изҳор дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Сипас, навбати суханронӣ ба Амонзода Ширин Шодӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Мавсуф гуфт, Фестивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардид. “Мутобиқи низомномаи тасдиқшуда, фестивал дар се давр доир гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоятҳо доир гардид ва имрӯз мо ин ҳамоиши бузурги ҳунармандони ҷумҳуриро ҷамъбаст хоҳем кард”, – гуфт Амонзода Ширин.

Дар анҷоми Фестивали мазкур маҳсулоти намоишдодаи ҳунармандон, ки дар зинаҳои қаблӣ ғолиб омада буданд, аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ғолибон муайян ва бо диплому туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд. ҳамзамон, иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ, ки ҳунарашон баҳои баланд гирифт, бо Ифтихорномаву сипосномаи Вазорати меҳнат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Ҳамин тавр, тибқи арзёбии натиҷаҳои Фестивали мазкур аз ҷониби ҳайати ҳакамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 ва телевизиори плазмавӣ қадрдонӣ шуд. Вилояти Хатлон, барандаи мақоми 2- юм ва соҳиби Дипломи дараҷаи 2, вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ ба гирифтани ҷои 3 – юм ва Дипломи дараҷаи 3 сазовор гардиданд.

Зебо Ниёзова, омӯзгори Литсейи нассоҷии шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо ҳамкорону шогирдони худ дар ин чорабинӣ шаҳри Душанберо намояндагӣ мекарданд. Онҳо хушнуд аз онанд, ки маҳсулоти меҳнаташон писанди доварон гашту Дипломи дараҷаи аввалро соҳиб шуданд. Ӯ мегӯяд, баргузории Фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардидааст.

Ҳунармандон дар кори Фестивал тамоми ҳунарҳои эҳё дастии худро ба марази тамошо гузоштанд. Дар ин радиф ҳунарҳои заргарӣ, кулолгарӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, тарошидани созҳои мусиқӣ, омода кардани матоъ ва эҳёи дигар ҳунарҳои қадимиву аз байнрафта манзури иштирокдорон гардонида шуданд.Ҳоҷӣ устодонаи Зиё корманди корхонаи созтароши Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки мақсад аз иштироки мо дар чунин фестивалҳо вохӯри бо тамоми ҳунармондони Кишвар аст, ки ин боиси ифтихори мебошад:

Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз ба роҳ мондани чунин Фестивал – озмунҳо мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни сокинони минтақаҳои Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои аз миёнрафта ва барқарорсозии мероси пурғановати гузаштагони хеш, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони бекору хонашин мебошад.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE