Шавкат Мирзиёев Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

23 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Содик Имомиро, ки маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба итмом мерасад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат Шавкат Мирзиёев сатҳи олии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ӯзбеку тоҷикро, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва қадамҳои қатъии роҳбарони ду кишвари бародар ба даст омадааст, махсус қайд кард.

Дар идома иброз намуд, ки айни замон, ҳамкории дуҷониба беистисно ҳама соҳаҳоро фаро мегирад ва бо мундариҷаи мушаххас пур шуда, босуръат рушд мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро барои хидматҳои бузург дар ноил шудан ба сатҳи олии муосири муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонд.

 

Дар навбати худ, Сафир ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баҳои баланд ва дастгирии ҳамаҷониба ба фаъолияти ӯ изҳори миннатдории самимӣ кард.

Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки бешак дар оянда низ барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду кишвар ва миллат саъй хоҳад кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE