Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

23 апрел нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Тавре ки бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар минтақа, муқовимат бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE