Нигаронии СММ аз ҳамла ба мактаби духтарона дар Афғонистон

Ҳамлаи терористӣ ба мактаби духтаронае дар шаҳри Кобули Афғонистон, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳо тани дигар гардид, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. СММ таркиш ва ҳамла ба як муасисаи таълимиро шадидан маҳкум намудааст. Ҳукумати Афғонистон ин амалро кори дасти гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Толибон медонанд, дар ҳоле ки ин гуруҳ масъулияти ҳамларо қотеан рад кардааст

Шумораи қурбониён дар пайи таркиш дар наздикии мадрасаи «Сайид – уш – Шуҳадо” – и шаҳри Кобул аз шаст нафар ҳам бештар шудааст. Ба иттилои мақомоти давлатии ин кишвар, дар натиҷаи таркиш ва ҳамлаи тарористӣ ба ин муассисаи таълимӣ 63 нафар қурбон шудаанд. Қаблан, дар хусуси ҳалокати 53 нафар хабар дода шуда буд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аксари қурбониёни ин ҳодисаи нангин духтарҳо буданд, чун ҳамла ба дабистони духтарона сурат гирифтааст. Ҳабар дода шудааст, ки бар асари ин ҳодиса зиёда аз 150 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ изҳор доштааст, ки ҳамлаи мудҳишро ҷангиёни ҳаракати Толибон анҷом додаанд, вале намояндагони ин гурӯҳ масъулияти ин амали террористиро ба ӯҳда намегиранд ва баръакс онро маҳкум намудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Tolo News”, назди бинои мактаби духтарона нахуст мошини дорои маводи тарканда тарконида шуда, сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифтааст. Ба гуфтаи муаллимони ин боргоҳ, ҳамла замоне рух додааст, ки толибилмон аз бинои макотиб ба берун баромаданд.

Дабири кулли СММ Анитониу Гутерриш ва Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Ҳенриетта Фор ҳамлаи террористии рӯзи 8-уми май дар назди як мактаби таҳсилоти ҳамагонии пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро шадидан маҳкум карданд. Дар изҳороти роҳбари ЮНИСЕФ омадааст, ки зўроварӣ дар мактабҳо ва атрофи он қобили қабул нест. Ҳенриетта Фор аз ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват ба амал овардааст, ки риояи ҳуқуқҳои байналмилалии инсон ва қонунҳои башардӯстонаву таъмини амният ва ҳимояи ҳамаи кӯдаконро таъмин кунанд.

Гуруҳи кӯмаки СММ дар Афғонистон низ хабар додааст, ки мактаббачагон ва дигар мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудаанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба хонаводаҳои қурбониён изҳори тасаллият карда, ба захмиён шифои комил тамано намудааст. Гутерриш таъкид кардааст, ки масъулони ин ҷиноят бояд пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Зимнан, намояндагии ИА дар Афғонистон низ ин ҳамларо “амали номардонаи террористӣ” номидааст. “Ҳадафи ҳамла қарор додани мактаби духтарона ин ҳамла ба ояндаи Афғонистон аст. Чун ҷавонон тасмим гирифтаанд, ки кишвари худро обод кунанд”, – навиштааст намояндаи ИА дар Твиттер. Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуда буданд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE