Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Hungary 2022” иштирок мекунанд

8-10 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо иштироки 463 варзишгар (265 мард, 198 зан) аз 66 давлат мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Hungary 2022” баргузор мешавад. Ҷумҳурии моро дар он 5 варзишгар муаррифӣ мекунанд.Дар рн бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) – ба Будапешт сафарбар мегарданд.
Ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад. Радабандии олимпии ҷудо, аллакай пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) ба он ворид шуданд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи низомномаи мусобиқа дар рӯзи аввал – 8-уми июл мо шоҳиди ҳунари Муҳаммад ва Шаҳбоз мегардем. Дар рӯзи дуюм – 9-уми июл Беҳрӯз ва дар рӯзи сеюм – 10-уми июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ гуштин мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE