Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушта шуд

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҷараёни набардҳо дар шимоли вилояти Панҷшери Афғонистон кушта шуд. Дар ин хусус хабаргузории The Khaama Press дар саҳифаи Twitter хабар додааст. Размандагон  бидуни шарҳи сабабҳо марги ӯро тасдиқ кардаанд. «Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо таассуф хабар медиҳад, ки имрӯз онҳо ду ёри худро дар муқовимати муқаддас ба муқобили зулм ва таҷовуз аз даст доданд. Фаҳими Даштӣ, котиби матбуоти муқовимати миллии Афғонистон ва генерал Абдул Вудод Зара кушта шуданд», иттилоъ медиҳад Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Twitter.

Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон  ҳамзамон хабар медиҳанд, ки  яке аз фармондеҳони калидии «Толибон»* Мавлавӣ Фасиҳуддин низ дар Панҷшер кушта шудааст. Панҷшер — ягона минтақаи Афғонистон аст, ки таҳти назорати толибон қарор надорад.  Дар ин вилоят ноиби президент Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари давлат эълон намудааст ва роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд қарор доранд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон омодагии худро барои музокира бо толибон дар сурати хуруҷи неруҳояшон аз Панҷшер ва худдорӣ аз иғво изҳор карда буд. «Толибон»* тасдиқ намудаанд, ки масъалаи Панҷшер ягона қазияест, ки ба таъсиси ҳукумати нави Афғонистон монеъ мешавад.

_________________________________

* Созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнӯъ аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE