«Шабе дар Осорхона» барномаи байналмилалӣ дар Душанбе ҳаводорони зиёди фарҳангу таърихро ба ҳам овард

18 май бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» иқдоми байналмилалӣ баргузор шуда, дар як шаб 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иқдоми «Шабе дар Осорхона» аз соати 18:00 то 23:00 идома ёфта , 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар як шаб пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.  Яъне, дар ин шаб аз тамошобини хурд то бузург вобаста ба синн тавонистанд аз ин чорабини ғизои маънавӣ гирифтанл. Дар ин шаб дар баробари дигар намоишҳо ҳунарҳои мардумӣ: кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб ва дигар навъҳои он ба намоиш гузошта шуд. Барои тамошобинони хурд барномаҳои ҷолиби зеҳнӣ пешниҳод гардид.

Тибқи иттилои манбаъ Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин шаб  дар якҷоягӣ бо ҳунармандони театри Лоҳутӣ барномаи ҷолиби дигарро пешниҳоди гардониданд. Инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои меъмории шаҳри Душанбе низ муаррифӣ гардид. Иқдоми «Шабе дар Осорхона» маротибаи 8-ум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад.

Ташкилкунандагони ҳамоиши мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд. Сарпарасти ҳамоиш Корхонаи «Сиёма» мебошад.

Иқдоми «Шабе дар Осорхона» барномаи байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон,  макони фарҳангӣ будани осорхона ва бештар ҷалб намудани ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин иқдомро амалӣ менамоянд.

Барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, дар Тоҷикистон  баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон он бори аввал  соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE