Манижа ба финали Евровидение – 2021 роҳ ёфт
Манижа, овозхони тоҷиктабор, ки аз Русия намояндагӣ мекунад, ҳайати доварони Евровидение – 2021 – ро тасхир кард
Манижа, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба даври ниҳоии Евровидение – 2021 роҳ ёфт.
Намояндаи Русия бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ карда, дар сегонаи аввалин овозхонҳое ворид гардид, ки ба финал роҳ ёфтанд. Нахустин даҳгона, ки ба финал роҳ ёфтанд, намояндагони Норвегия, Исроил, Русия, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина мебошанд.Манижа ҳунарнамоии худро бо пироҳани калони гулдор оғоз кард, ки он аз пораҳои матое, ки мухлисон аз гӯшаҳои гуногуни Русия фиристода буданд, дӯхта шудааст. Пас аз чанде овозхон аз либоси калонаш бадар шуда, бо либоси сурх ҳунарнамоиро идома дод.Ҳунарнамоии намояндаи Русия яке аз намоишҳои ҷаззоб дар даври ниманиҳоии озмуни Евровидение – 2021 арзёбӣ гардид. Дафъаи дигар тамошобинон зодаи Тоҷикистонро рӯзи 22 май хоҳанд дид.