Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи якҷояи вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ, ИДМ ва СААД ширкат варзид
04.09.2020 дарбоғи «Патриот»-и вилояти Москва таҳти роҳбарии Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Сергей Шойгу ҷаласаи якҷояи вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо низ ширкат варзид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ, ИДМ ва СААД ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризм густариш диҳанд.
Илова бар ин, дар ҷаласа вазирони мудофиа тадбирҳои имконпазири расонидани кумаки мутақобила ва фароҳам овардани иқтидори вокуниш ба таҳдидҳои биологӣ, аз ҷумла фаъолияти ҳарбии биологии давлатҳои ғайриминтақаро муҳокима карда, доир ба рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти коронавирус табодули афкор намуданд.