ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 26-27 май дар Тоҷикистон ба амал омадани сел дар назар аст

26-27 май дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари бориши зиёди борон ба амал омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида,  раъду барқ ба амал меояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE