Душанбе: 27 – солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хотирмон таҷлил шуд

Ҳамасола дар кишвар 28-уми май ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат шоми дирӯз дар Боғи фарҳангӣ -фароғатии ба номи устод Рӯдакии пойтахт барномаи консертӣ таҳти унвони «Марзбонони содиқи Ватан» доир гардид.

Барномаи мазкур бо ташабуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷалби як гурӯҳ сарояндагони шинохтаи мамлакат баҳри рӯҳбаландии сарбозону афсарон ва ба хотири ҷашн гирифтани иди касбиашон баргузор гардид. Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба муҳофизони марзу буми Ватан ва кормандону хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ расонида, зикр намуд, ки суботу оромии кишвар самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири ин посбонону марзбонони шуҷуои мамлакат мебошад.

Инчунин, дар идомаи ҳамоиш зикр гардид, ки саҳми кормандону афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва моликияти давлату шаҳрвандон беназир буда, онҳо ин рисолати худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро менамоянд.

Хизматчии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, корманди қисми низомии 0123 майор Хӯҷаёр Ҷӯмаев зимни суханронии худ таъкид кард, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти қушунҳои сарҳадӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохиливу берунаи кишвар мубаддал гардид.

Сипас, барномаи театрикунонидашудаи консерти бо ширкати доираи васеи сарояндагону навозандагон намоиш дода шуд. Сарбозону афсарон аз барномаи консертии ташкилнамудаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хушнуд шуда, миннатдории худро баён доштанд.

Аз ҷумла, Муҳаммаммин Исломов, сарбози қатории Қушунҳои сарҳадӣ мегӯяд, шароити хизмат имрӯз нисбат ба солҳои пештар хеле беҳтар шудааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, солҳои охир ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорон ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таълиму тарбияи мутахассисони оянда, хусусан, кадрҳои сарҳадбон эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, ки мо барои ин аз Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат, сидқан миннатдорем.

  

Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт.Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватан шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон хубтару беҳтар гардида истодааст.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE