Дар Вена татбиқи лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

1 июл дар Вена дар ҳошияи  машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Фарҳод Салим бо Мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА)  Рафаэл Гроссӣ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва АБНА матраҳ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои АБНА дар Тоҷикистон, омӯзиши коршиносони тоҷик, ширкати Тоҷикистон дар лоиҳаҳои минтақавии АБНА ва густариши  ҳамкории фаннӣ зоҳир карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE