Аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 27 сол пур шуд

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷумлаи сохторҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон буда, дар баробари муҳофизати сарҳади давлатӣ тамомияти арзии мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва амнияти сокинони кишварро сарбаландона таъмин менамоянд.

Таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бонангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ҳатто ҷони худродареғнадошта, ҳар як ваҷабхокионрочуннеъматибебаҳоҳифзуэҳтиёткардаанд.

Марзбонони тоҷик дар вазнинтарин рӯзҳое, ки бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ шароити зарурии зиндагиву хизмат вуҷуд надошт, ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими суботу оромии сокинони мамлакат дар сафи пеши мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор сангар гирифта, вазифаҳои басо мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона адо карданд. Имрӯз низ марзбонони диловари тоҷик ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар самти мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир вазифаҳои касбии хешро содиқона иҷро менамоянд.

Ҳукумати мамлакат аз ибтидои таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то имрӯз ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, омодасозии мутахассисони баланд ихтисосу касбии соҳа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуд. Тавассути фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ҳадафу вазифаҳои марзбонони тоҷик дар самти ҳифзи марзи қариб панҷҳазоркилометра мушаххасгардида, инчунин дар доираи созишномаву барномаҳои ҳамкорӣ фаъолияти муштараки онҳо бо кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя то рафт вусъат пайдо мекунад.

Хусусан, дар давоми даҳ соли охир, дар самти ташкили фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳоло барои фаъолияти муътадили мақомоти давлатии назорати хатти сарҳад ва гузаргоҳҳоисарҳадӣҳамаишароитимусоидфароҳам оварда шудааст, аз ҷумла, аксарияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва умуман, иншооти сарҳадбонӣ бо воситаҳои техникии пешрафтаи назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кор дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ босуръат ҷараён дорад.

Бо дарназардошти масъулияти зиёд ва вазниниҳои хизмати марзбонон минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву хизмат, ҳалли масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, инчунин, тақвияти асосҳои моддиву техникии марзбонон тамоми тадбирҳои имконпазир амалӣ карда мешаванд. Ҳукумати мамлакат шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Таҳким ва тақвияти фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ғайр аз заминаи кофии моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳазу мусоид, ҳамчунин аз сатҳи таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст вобаста мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд садоқати худро ба Ватан – модар бо хизмати арзандаву шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат собит намояд.

Маврид ба қайд аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз дар марҳалаи оғози соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил кард ва дере нагузашта, бо қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар дар ҳайати Кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис гардид. Сипас, 28 майи соли 1994-ум дар асоси сохтори низомии мазкур Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон созмон дода шуданд, ки ин сана ҳамасола ҳамчун “Рӯзи сарҳадбонон” таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикии худ ба муносибати таҷлили 27 – умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ зикр доштанд, ки “Давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити  мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст”.

Воқеан ҳам, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбӣ ҷиҳати ҳимояи сарбаландонаи марзу буми кишвари тозаистиқлоламон аз худ ҷасорату мардонагӣ ва фидокориҳои зиёд нишон дода, ҳатто дар роҳи ҳифзи сарҳади давлатӣ шарафмадона қурбон шуданд. Дар ин замина, барои садоқатмандона адо намудани хизмати ҳарбӣ, шумораи зиёди афсарону сарбозони ҷасури Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Идатон муборак сарҳадбонони шуҷои Ватан!

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”

 

Мо – ҳайати эҷодии техникии шабакаи “Садои Душанбе” ҳамаи родмардон – сарҳадбонони кишварро ба ифтихори иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, матони садчанд ва қувваи хастгинопазирро таманно дорем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE