Дар шаҳри Норак муомилоти ғайриқонунии шираи камол ошкор гардид

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак, дар мавзеи Зоғонӣ аз чониби соҳибкори инфиродӣ коркарди ғайриқонунии шираи камол ошкор гардид.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли равон, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифии ноҳияи Данғара, соҳибкори инфиродӣ, мардони 35, 34 ва 28-солаи сокинони ноҳияҳои Данғара ва Вахшро ҳамчун мардикор даъват намуда, ба коркарди ғайриқонунии шираи камол машғул шудааст.

Номбурдагон ба миқдори 1 ҳазору 100 бехи кундаи камолро нарм  ва  кундаҳои ниҳоли камолро бӯриш намудаанд.

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва мувофиқи тартиби ҳисоби зарари Раёсати мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкори инфиродӣ ба табиат 66 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE