«Челси» қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо-2021

Дӯстони азиз ин рӯзро мо хеле интизор шудем, рӯзе ки исмаш финали Лигаи Чемпионҳо аст. Ин мусобиқаи сермухлиси сайёра имрӯз, 30-юми май ду дастаи абардасти англисиро дар варзишгоҳи «Драгау»-и шаҳри Портуи Португалия ба ҳам овард. Рақобати дастаҳо пуршиддат доир шуда, ҳанӯз дар нафасҳои аввали дидор футболбозони “Челси” аниқтараш Тимо Вернер якчанд ҳолати сад дар сади голзаниро аз даст дод. Қисми аввали бозӣ ба нуқтаи ниҳоӣ наздик мешуду ҳанӯз ҳам аз рахна намудани дарвозаи якдигар дараке набуд. Кӯшишу талошҳои “ашрофзодаҳо” самар оварду дар дақиқаи 42-юм Хавертс аз дарвозабони “МС” гузашта тӯро таслими дарвозаи рақиб намуд. Бо ҳамин натиҷаи қисмати аввали бозӣ хотима ёфт. Мухлисон интизор буданд, ки дар қисми дуюм шоҳиди гол мешаванд, вале на. Дар қисми дуюми дидор ҳолатҳои голзанӣ аз ҳарду даста хеле зиёд буданд, аммо ин имконият ба ягон даста даст надод. Бо ҳамин натиҷаи 0:1 бозии мазкур хотима ёфта, “Челси” маротиба дуюм дар тӯли таърихи хеш барандаи ЛЧ гардид. Дастаи “МС” бошад, дар аввалин финали худ ноком шуда, аз ин ҷоизаи Лигаи Чемпионҳо бенасиб шуд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE