Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд

Тавре қаблан хабар додем, 13  июн дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Ниммарафони байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре  аз Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон  ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  доданд, дар ниммарафони мазкур  ҳудуди 400 нафар, аз ҷумла варзишгарон аз кишварҳои Германия, Япония, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил дода, иштирокчиён дар масири кӯчаи Исмоили Сомонӣ-70 тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳалли Чорбоғ, аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то Майдони Дӯстӣ давиданд.

Кумитаи тадорукот барои 5 ҷои аввал миёни мардон ва 5 ҷой миёни бонувон ҷоизаҳо муқаррар карда буд.

Миёни мардҳо намояндаи Ӯзбекистон Шоҳрух Давлатов бо натиҷаи 1:09.08 якум шуда ба марра расид.  Шоҳрух Давлатов дар Ниммарафони Душанбе моҳи апрел низ ҷои аввалро ишғол карда буд.

Чор ҷои боқимондаро варзишгарони Тоҷикистон сазовор шуданд. Самариддин Азимов бо натиҷаи 1:14.17 ҷои дуюм, Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.41 зинаи  сеюм, Бобоҷон Яқинов бо натиҷаи 1:17.27  мақоми  чорум ва Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:17.41 ҷои  панҷумро  сазовор  гардиданд.

Миёни бонувон низ намояндаи Ӯзбекистон Азизахон Мирзоакбарова бо натиҷаи 1:21.43 мақоми аввалро ишғол кард. Чор ҷои ифтихории дигар насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд: Маҳина Баротова бо натиҷаи 1:34.09 ҷои дуюм, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:38.12  мақоми  сеюм, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:45.15 зинаи  чорум ва  Манижаи Рамазон бо натиҷаи 1:48.23 ҷои панҷумро ишғол намуданд.

Кумитаи тадорукот барои ҷойҳои  аввал 1500 доллари ИМА,  дуюм 800 доллар,  сеюм 600 доллар, барои мақоми  чорум 500 доллар ва барои ҷои панҷум 300 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим кард. Инчунин ба иштирокчиён медали хотиравии «Ниммарафони ҷашни 20-солагии СҲШ» дар Душанбе супорида шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE