Маъмурияти дипломатии Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба поён расид

12 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Мамедзадеро бино бар анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд. С. Муҳриддин ба Г. Мамедзаде барои саҳми гузоштааш дар таъмини рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар миннатдорӣ изҳор намуда, ба мавсуф муваффақият дар фаъолияти минбаъдаи дипломатӣ хост.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE