Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар Кооперативи тиҷоратии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара боздид намуданд

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.

Боғдорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кишоварзони хоҷагии мазкурро ташкил намуда, меҳнаткашон баъди омӯзишу мукаммалсозии таҷрибаи илмию амалӣ асосан майдони навъҳои ниҳоли дарахтони меваҳояш содиротиро васеъ мекунанд.

Майдони ниҳоли дарахтони гелос, бодом, олу, себ ва нок ба афзоиш ёфтани нишондодҳои истеҳсолӣ ва зиёдшавии ҳаҷми содироти меваҳои дорои сифати баланду тамъи лазиз мусоидат намудааст. Ҳосили фаровони себ, олу ва бодом ҳавасмандии хоҷагидоронро барои таъмини рушди дучанди ин самти сердаромади соҳаи кишоварзӣ бештар кардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон дар самти риояи агротехникаи парвариши дарахтон баҳои баланд дода, меҳнаткашонро барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил вазифадор карданд.

Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар баробари пешниҳод ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, имсол зиёда аз 15 тонна гелос ва олу ба хориҷи кишвар содирот намудааст.

Дар хоҷагӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғҳои типи нав васеъ карда мешавад. Танҳо соли равон дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» аз ҳисоби ниҳоли дарахтони себ, нок, чормағз, бодом ва нок дар майдони 50 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбари давлат ҷиҳати гирифтани 3 то 4 ҳосил аз як замин дар байни қаторҳои боғ кишти полезӣ, сабзавот, ҷуворимакка, картошка ва дигар намуди зироат гузаронида шудааст.

Таҷрибаи хоҷагидорон нишон дод, ки истифодаи байни қаторҳои боғ беҳтарин имконият барои афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмин кардани бозор бо маводи ғизоӣ ва гирифтани самараи бештар аз замин ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз иқлими мусоиди ноҳияи Данғара барои парвариши полезӣ соли равон меҳнаткашони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар майдони 300 гектар кишти полезӣ гузаронидаанд.

Айни замон ҳосили ҷамъоваришуда ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз имкониятҳои табиии Тоҷикистон барои афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва тадриҷан бештар шудани талабот ба маводи ғизоӣ дар ҷаҳон таъмини истифодаи самараноки заминро роҳи ягонаи расидан ба амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Ин майдонҳои васеи зебо натиҷаи меҳнати кормандони Кооперативи тиҷоратии «Сомонҷон» мебошад, ки имрӯз дар таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми фаъол доранд.

Риояи агротехникаи кишту парвариш ба таъмини фаровонҳосилӣ дар майдони ғаллазор мусоидат намудааст. Меҳнаткашон нақша доранд, ки ҳосилро ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он кишти дуюмро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон бо истифода аз имкони мавҷуда ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво идома дорад. Бо назардошти он, ки баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва беталаф баровардани он аз зимистон аз заминаи мустаҳками хӯрок вобастагӣ дорад, талош ба он равона карда шудааст, ки хӯроки чорво ҳарчи бештар захира карда шавад.

Дар майдонҳои холишуда саривақт кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Зеро таъмини истифодаи самараноки замин, аз як қитъа гирифтани 3 — 4 ҳосил ва якдилона меҳнат кардан барои расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои асосии меҳнаткашони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар ноҳияи Данғара ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE