Москва: Мулоқоти Лебедев бо Сафири Тоҷикистон дар Русия

11 август Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бинобар ба охир расидани рисолати дипломатияш мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Зимни суҳбати дӯстона ҷанбаҳои гуногуни иштироки Душанбе дар ҳамкории ҳамгироӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуданд. Раиси Кумитаи иҷроия саҳми Тоҷикистонро дар рушди Иттиҳод дар   муддати  раёсати ҷумҳурӣ дар ИДМ дар соли 2018 баҳои баланд дода, ба Имомуддин Сатторов барои иштироки фаъолонаи шахсии ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории башардӯстона дар доираи Иттиҳод изҳори сипос намуд. Нақши назарраси Имомуддин Сатторов ҳамчун Намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ дар таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои узви ИДМ низ тазаккур дода шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Имомуддин Сатторов дар вазифаи нав муваффақият таманно кард.

Имомуддин Сатторов аз 15 майи соли 2014 Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Ӯ ҳамзамон ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ фаъолият мекард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2021 Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд. Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро бар ӯҳда дошт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE