Антонио Гутеришро дигарбора ба мӯҳлати 4-сол Дабири кулли СММ интихоб карданд
Маҷмаи Умумии СММ Антонио Гутерришро бори дуввум дабири кулли созмон таъйин кард: муҳлати навбатии ӯ дар ин вазифа аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз раиси Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир иттилоъ дод.
«Маҷмаи Умумӣ мехост қатъномаро … бо роҳи эътибор қабул кунад. Қарор қабул карда шуд. Шарафмандона эълом медорам, ки Ҷаноби Олӣ Антонио Гутерриш ба муҳлати дуввум аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 дабири кулли СММ таъйин шуд», — гуфт Бозкир.
Дар қатъномаи имрӯз, 18 июн қабулшуда, гуфта мешавад, ки Маҷмаи Умумии СММ Гутерришро ба ҳайси дабири кулли СММ ба муҳлати ваколаташ аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 таъйин мекунад.
Гутерриш ягона номзад ба мақоми дабири кулл буд. Бори аввал ӯ 1 январи соли 2017 ба ин мансаб таъйин шуда буд. Дабири кулл ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.
Гутерреш нӯҳумин дабири кулли СММ аст. Нахустин дабири кулли ин ташкилоти ҷаҳонӣ Трюгве Ли (Норвегия) буд. Пас аз ӯ ба ин вазифа Даг Хаммершелд (Шветсия), У Тан (Мянма), Курт Валдхайм (Австрия), Хавер Перес де Куэляр (Перу), Бутрос Бутрос-Гали (Миср), Кофи Аннан (Гана), Пан Ги Мун (Кореяи Ҷанубӣ) интихоб шуданд.