Дар Душанбе таҳияи филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баррасӣ шуд

Бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ ва баррасию муҳокимаи дигар масъалаҳои марбут ба филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» гурӯҳи эҷодии филм таҳти роҳбарии директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад. Дар ин хусус «Тоҷикфилм» иттилоъ медиҳад.Дар ин сафар директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистонро муаллифи филмнома Рустам Ҷабборов ва коргардони филм Дилмурод Масаидов ҳамроҳӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ масоили марбут ба таҳия ва наворбардории филмро баррасӣ намуданд.Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки гурӯҳҳои эҷодии ҳар ду ҷониб ва дигар мутахассисони соҳа филмномаи коргардонӣ тариқи аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ шуд.Таъкид гардид, ки то ин замон аз ҳар ду ҷониб кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ, интихоби маконҳои наворбардорӣ, коркард ва пешниҳоди филмномаи коргардонӣ амалӣ карда шуд.Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ангоравии либосҳо, реквизитҳо, омода намудани нақшаи тақвими таҳиявӣ ва харҷномаи филм идома дошта, дар асоси Нақшаи чорабиниҳо дар муҳлати муқаррраршуда манзур карда хоҳанд шуд.Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику узбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад.Ғояи асосии филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ карда мешавад.

.АКС: «Тоҷикфилм»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE