Абдулмаҷид Кудиев ба финали Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфт…

🇹🇯 Абдулмаҷид Кудиев ба финали Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфт 🤼

Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод ба финали Бозиҳои Осиёӣ -2026 баромад.

Кудиев дар рақобати аввал намояндаи Қазоқистон – Начюн Кууларро бо ҳисоби 13:2 шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин марҳила паҳлавони кишвари мо бо ҳисоби 11:0 намояндаи Арабистони Саудӣ – Абдулатиф Муҳаммадро мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ расид.

Кудиев дар даври нимниҳоӣ бо ҳисоби 11:0 Кванг Ҷин Ким аз Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба финал баромад 👏

Дар финал Абдулмаҷид Кудиев бо Суҷит Суҷит аз Ҳиндустон барои дарёфти медали тилло талош хоҳад варзид.

🌏

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE