Дастрасшавии 235 адад аломати «Гардиши хатарнок» ба Вазорати нақлиёт

Вазорати нақлиёти  Тоҷикистон аз дастрас гардидани 235 адад аломатҳои 1.11.1 ва 1.11.2-  «Гардиши хатарнок» хабар медиҳад. Аломатҳои  гардиши хатарнок бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаллии «Хазинаи бехатарии роҳ» ва «Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор» дар асосии шартномаи басташуда ба Вазорати нақлиёт дастрас гардидааст.

Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат  хабар доданд, 235 адад аломати дастрасгардида дар асоси супориши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳои кӯҳии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма ба Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  шаҳру ноҳияҳои мамлакат, назири Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Восеъ, Ш.Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, рӯшон, Шуғнон, Мурғоб ва минтақаҳои Яхчипун ва Ғунд дастрас карда шуда, дар ҷойҳои зарурӣ насб карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE