Нахустин парвози мустақилонаи аввалин зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Ягона зан -ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна Афентева имрӯз нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод. “Татяна ба ҳайси сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кард ва аз ҷониби командири ҳавопаймо Шуҳрат Раҳимов баҳои хуб гирифт. Татяна Афентева фаъолияти худро дар соҳаи авиатсия аз соли 2011 ба ҳайси роҳбалад оғоз намудааст”, – иттилоъ медиҳад ширкати хавопаймоии «Сомон Эйр».
Ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна соли 2020 ба сифати сарнишини дуюм пайваст ва то имрӯз парвозҳои таълимиро иҷро мекард, иттилоъ медиҳад манбаъ. Барои расидан ба мақсуд номбурда роҳи тӯлонӣ ва душворро тай намуда, асосҳои касби ҳавонавардиро дар омӯзишгоҳи ҳавонавардии авиатсияи граждании ба номи Таран Г. А. дар Федератсияи Россия омӯхтааст. Имтиҳонҳо ва санҷишҳои амалии парвозиро бомуваффақият супорида, алъон сарнишини ҳирфаӣ мебошад, ки парвозҳои байналмилалиро дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 / NG анҷом медиҳад.
«Зимни парвози мустақилонаи худ ҳаяҷон надоштам, парвоз мисли парвозҳои таҷрибаомӯзиам хуб гузашт, – иброз дошт Афентева пас аз парвози мустақилонаи худ. – Хушҳол аз он, ки аввалин парвози мустақилонаи ман дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон сурат гирифт. Сарфарозам, ки ин қулла ҳам бароям фатҳ шуд ва акнун бояд зиёдтар кӯшиш намояму боз ҳам пеш равам. Алъон вазифаи аввалиндараҷаи ман тақвияти ихтисос ва саҳмгузорӣ дар бехатарии парвозҳо мебошад, ки авиатсияи тоҷик ҳамеша бо ин махсусияташ шуҳрат дошт.”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE