Ҳунари заргарӣ: рукнҳо ва нозукиҳои он

Бино ба шаҳодати бозёфтҳои бостоншиносон, аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Заргарӣ ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ аз филизот, сангҳои қимматбаҳову арзон ва моддаҳои органикӣ мебошад. Он аз қадимтарин ва машҳуртарин навъи санъати ороиши амалист. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.

Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, заргарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб ва Ҳисор касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд.

Устои чирадасти самти заргарӣ Ривоҷ Нимонов мегӯяд, иҷроиши кори қисми зиёди маҳсулоти заргарӣ сирф дастӣ буда, дар натиҷаи тараққиёти илму техника қисми дигар бо истифода аз технологияи муосир сайқалу такмил ёфта буданд. “Зимни омода намудани маснуоти заргарӣ сангҳои зебои ороишӣ ва қиматбаҳо, аз қабили алмос, лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷвард, ҷазъ, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, қаҳрабо, ақиқ ва ғайра низ истифода шудаанд” ,- гуфт ӯ.

Воқеан, заргарон навъҳои маснуоти заргарӣ — дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак ва ғайраҳоро хеле моҳирона месозанд ва аз рӯи ҳунарашон зиндагиашонро пеш мебаранд.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE