Ҷашни ҳамдилӣ ва саодатмандӣ-Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат ва мардуми тоҷик баробари истиқлолият арзиш ва аҳамияти беназирро соҳиб аст.

Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии мамлакат бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони  моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рў ба рў гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андўхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сўи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.

Расидан ба ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави таърихӣ дар Тоҷикистон, ки ба талошу пайкор ва корномаҳои бузургу бемисли Пешвои муаззами миллат такя мекунад, ҳосили сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон низ маҳсуб мешавад. Маҳз, эътиқоду эътимод ба ибтикороти таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ва қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор пайванд мегирад, ба Пешвои миллати тоҷик нерў ва эътимоди бузург бахшид, то ҳанўз дар минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини Тоҷикистон диҳанд ва бо ҳиммати баланди инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез сулҳ, оромиш, ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиро барои тамоми миллати воҳиди мо ваъда намоянд. Ҳамин эътиқод ва боварии тамом буд, ки миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшида, роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд.

Мо низ аҳли эҷодӣ ва техникии шабакаи Садои Душанбе мардуми сарбаланди кишварро ба ин рӯзи фархунда ва ниҳоят арзишманд таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, якпорчагӣ ва дӯстиву садоқатмандиро таманно дорем.

Ҷашни Ваҳдати миллӣӣ муборак!

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE