Ваҳдати миллӣ пурарзиштарин муқаддасот барои миллат тоҷик

Истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат аз пурарзиштарин муқаддасотест, ки барои миллати тоҷик басо азизу муҳим ба шумор меравад. Зеро халқи барӯманди тоҷик ҳазорсолаҳост, ки бо шиори сулҳу дӯстӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан, сарзамини модарии хеш зиндагӣ карда меояд. Таърихан халқи тоҷик яъне, аҷдодони барӯманди мо  ба ҳеҷ қавму миллате ғарази нопоке надоштанд, баракс бо андешаву иқдомҳои башардӯстонаашон ҳамеша сулҳу ороми ва ваҳдату дӯстии тамоми қавму миллатҳоро ҷонибдори мекарданд. Ин аст, ки таърихномаи миллати тоҷик бо ному хизматҳои фарзандони арзандааш оғоз меёбад.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки он бо санаи таърихии соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз пайванди ногусастани дорад, корномаву ташаббусҳои фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Зеро ин абармарди миллат тамоми ҳастиву фаъолияти худро барои бунёди ҷомеаи орому пешрафта сарф намуда, имрӯз ҳам бо ҳамин ташаббус баҳри таъмини зиндагии арзандаи мардум талошҳои бепоёнро анҷом медиҳанд.

Соҳиб гардидан ба Истиқлоли давлатӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат дар фазои кишвар маҳз дар натиҷаи заҳматҳои Роҳбари муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Таърих он рӯзҳое, ки оғози солҳои навадум бар сари халқи тоҷик омад ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар оғози солҳои навадум то андозае боварии мардумро ба зиндагии орому осоишта заиф карда буд. Зеро дар натиҷаи ин ҷанг иқтисоди кишвар зарари калон дида, зиндагии сокинони мамлакат рӯ ба пасти овард. Як ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, ки барои ба имзо расиданаш моҳҳову солҳо сарф шуд, хуршеди умеду орзуҳои мардумро дигарбора дурахшон намуд.. Баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гардидани Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан ҳамчун Президент роҳро барои сулҳу амният барои тоҷикон кушод.

         Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳалаи рушд оғоз ёфт. Бо меҳнати содиқонаву заҳмати шабона рӯзии сокинони шарафманди кишвар зина ба зина маъракаи бунёдкориву созандагӣ шурӯъ гардид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз иттиҳоду боварии мардумро ба зиндагии шоиста қави гардонид.   Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол саҳифаи наву ҳалкунандро боз намуд. Кишвари мо дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот қадамҳои устувор гузошта, оромиву амнияти мардум ҳамаҷониба таъмин карда шуд. Сокинони мамлакат бо боварии устувор ва иродаи мустаҳкам ба бунёди зиндагии шоиста оғоз намуданд. Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ шурӯъ гардид. Ҳамин ваҳдати комил буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Муҳимтарин пирӯзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ин қабули Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ мебошад. Талошҳои шикастнопазири Роҳбари муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар мудатти кӯтоҳ аъзои созмонҳои  бо нуфузи ҷаҳонӣ гардид.

Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон омили асосии худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстӣ гардид. Яъне дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Арзишҳои муқаддаси давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик аз нав эҳё шуданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк карданд, ки маҳз ҳамдиливу иттифоқ будан ва дастаҷамъона меҳнат кардан метавонад, Ватани моро боз ҳам ободу шукуфон созад. Инак ду даҳсола аст, ки тоҷикон зери нурҳои дурахшони хуршеди ваҳдат кору рӯзгор доранд ва аз самараи неъмати бебаҳои ваҳдат ком ширин мекунанд.

Дар ҷаҳони муосир ҳамагуна хатарҳо, ки метавонад ваҳдати комили давлатҳоро дар як лаҳза халадор кунад, набояд зиракиву ҳушёриро аз даст дод. Маҳз иродаи қавӣ ва ҳамдилии мардуми барӯманди тоҷик буд, ки пояҳои сулҳу дӯстӣ мустаҳкам гардид. Муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан, сарзамини аҷдодӣ ва донишу маърифати баланди аҳли ҷомеа метавонад ҳар гӯшаи ин меҳани маҳбубро боз ҳам хуррамтару ободтар намояд. Ҳамин мусъулиятҳои бузург буд, ки мо мардуми тоҷик бо барҷастатарин дастовардҳо 30-солагии Истиқлоли давлатиро истиқбол мегирем. Ин натиҷаи ҳамон ваҳдати миллӣ ва оромии фазои кишвари маҳбубамон мебошад. Ҳар фарди бо ору номус ва ватандӯстро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳо сулҳу ваҳдат бирасад. Зеро тамоми пешрафту тараққиёти давлат, ҷомеа ва ҳатто як оила аз иттиҳоду дӯстии устувор сарчашма мегирад.

 

                                                        Умедҷон Холов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE