Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Фархор расид

Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Фархор расид. Теъдоди китоби мазкур   16 ҳазору 416 ададро ташкил дода,  он  аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи ноҳияи Фархор  тақдим мегардад. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор Ҳикматулло Ҳакимов итилоъ дод.

Туҳфаи Пешвои миллат-  китоби «Тоҷикон»  бо иштироки шахсони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷоияия ноҳия пагоҳ ба  ҷамоатҳои    деҳоти ноҳия ирсол мегардад.

 

«Мардуми шарафманди фархорзамин дер боз ин рӯзро интизор буданд. Зеро шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат  мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»  барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон мебошад», — афзуд Ҳикматулло Ҳакимов.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE