МН: Баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати амалӣ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Ҳадаф аз қабули Қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.
Дигар дороиҳои шаҳрвандон тавассути пешниҳоди эъломияи ихтиёрии онҳо ва қонунигардонии молу мулки ғайриманқули шахсӣ ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи шаҳрвандон, ки дар қитъаи замин бо риояи қонунгузорӣ, зери сохтмон вобастагардида, мутобиқи таъиноти қитъаи замин ва меъёру қоидаҳои сохтмон худсарона сохта шуда, нисбати он ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта нашудааст, бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисёбанда ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонӣ анҷом дода мешавад, метавонанд қонунӣ карда шаванд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳо -дар хусуси Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.