Дирӯз Осорхонаи миллӣ ид дошт
Ҳамасола 18-уми май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад.
Муассисаи давлатии “Осорхонаи милли Тоикистон” дирӯз ид дошт. “Ин макони таърихиву фарҳангӣ яке аз он дастовардхои назарраси даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки соли 2013 бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлатамон қомат афрохта, пешниҳоди аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд. Ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошад”, – гуфт дар суҳбат ба мо муовини якуми директори муассисаи мазкур Зафаршо Иброхимзода.
Масоҳати умумии Осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин, осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Зафаршо Иброхимзода дар идомаи ибрози андешаҳояш гуфт, шӯъбаҳои осорхона дорои толорҳои канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи бостон ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори туҳфахазинаҳои давлатӣ мебошанд.
“Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, «Корд» – туҳфа аз Президенти Федератсияи Русия В. В. Путин, «Амсилаи Каъба», «Порае аз Кисва (парда) – и Хонаи Худо (Каъба) – туҳфаи Арабистони Саудӣ, «Лаълӣ» – туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзиана Ингакан, «Шамшер» – туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, «Гулдони шишагин», «Армуғон», «Рангдон», «Ромби шишагӣ» – туҳфаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони 4, «Шамшер»-туҳфа аз собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҷопон Ғ. Бобозода, «Гулдон» – туҳфа аз директори Хадамоти амнияти федеролии Русия Н. К. Патрушев, «Лаълӣ» – туҳфаи Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка дар Тоҷикистон С. С. Вирасурия, «Ордени Пётри Кабир» – туҳфа аз Академияи бехатарии Федератсияи Русия, «Табақи заррандуд» – туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин» – туҳфа аз собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, «Армуғони нуқрагин» – туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ» – туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чубин»-туҳфа аз собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ашван Сингха, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайра туҳфаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон ба Президенти кишвар туҳфа карда шудаанд”, – гуфт ин масъули Осорхонаи миллӣ.
Хазинаи экспонатҳои Осорхонаи миллиро хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ба хазинаи осорхонаи миллӣ – 2278 ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, туҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Аз 21 осорхонаи ҷумҳурӣ – 1225 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд. Илова бар ин, аз Осорхонаҳои вилояти Суғд 587 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нигора ба хазинаи осорхона ворид карда шудаанд. Ҳамзамон мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро таҳия намуданд. Дар гулгашти бинои нави Осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.
Бахшида ба рӯзи байналмиллалии осорхонао дирӯз – 18 – уми май тибқи анъанаи солҳои қаблӣ дар Осорхонаи миллӣ махфили рангину гуворо бо номи «Шабе дар осорхона» гузаронида шуд, ки ҷолибу хотирмон буд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”