МУРОҶИАТНОМАИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамватанони азиз!

Мо дар арафаи Иди Қурбон қарор дорем. Тақозои ид ҳамин аст, ки намози ид ба таҷаммуъи шумораи зиёди намозгузорон иртибот дорад. Гузоштани намози ид барои шахси мусулмон воҷиб аст. Дар баробари ин бояд аз мадди назар дур намонад, ки дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷи нави бемории даҳшатбори Ковид-19 хуруҷ намудааст. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки мо ниҳоят эҳтиёткор ва дар иҷрои ибодат ва маросимҳои динӣ боандеша бошем.

Бинобар сабаби он, ки сироятёбӣ ба бемории Ковид-19 ба ҷони худи одам ва атрофиёнаш таҳдид мекунад, зимни тасмими намозҳои дастаҷамъона мо бояд баъзе нуқтаҳои муҳимро ба инобат гирем.

Дар дини мубини Ислом ҳифзи саломатӣ, ҷони худ ва аҳли хонадон амри муҳими динӣ маҳсуб меёбад. Барои ба ҷо овардани ин воҷиботи динӣ ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем. Яъне худ, аҳли оила ва атрофиёнро то қадри ҳол аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус эҳтиёт намоем.

Дар ин маврид Пайғамбари мо (с) таъкид намудаанд, ки: «Бепарвоии инсон нисбат ба шахсе, ки барои нигаҳбонӣ ва ҳимояташ масъул мебошад, гуноҳи бузург аст» (“Сунан”-и Абӯдовуд, 2/136, ҳадиси №1692).

Бинобар ин, ба масъалаи риояи қоидаҳои беҳдошт, масофаи иҷтимоӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва пӯшидани ниқоб таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудан лозим аст. Шахсони пиронсол, ки гурӯҳи осебпазир маҳсуб меёбанд, инчунин онҳое, ки бемориҳои музмин доранд, бояд қатъиян ба масҷид наоянд ва намозҳои худро дар хона адо намоянд. Шахсони солим низ бояд кӯшиш кунанд, ки худ ва аҳли хонаводаашонро таҳти хатари сироятёбӣ қарор надиҳанд ва то ба эътидол омадани вазъият зимни ба масҷид омадан аз эҳтиёт кор бигиранд. Бинобар сабаби баланд будани сатҳи гирифторшавӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, онҳо низ бояд ба ҳадди имкон ба ҷойҳои таҷаммуъи мардум, хусусан дар омадани ба масҷидҳо низ боэҳтиёт бошанд. Зеро, мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ штамми нави коронавирус аз штаммҳои қаблӣ бо дараҷаи баланди сирояткунонӣ фарқ мекунад. Ин намуди нави коронавирус новобаста аз синну сол ба пиру ҷавон таъсир расонида, як шахси бемор метавонад дар дохили бино 60% ва дар ҳавои кушод 40% шахсони солимро сироят кунонад.

Шахсоне, ки ба масҷид меоянд, ҳатман бояд ниқоб дошта бошанд, аз маҳлулҳои безараргардонанда истифода намуда, дастпӯшак пӯшанд ва ҳатман масофаи иҷтимоиро риоя кунанд. Дар минтақаи берун аз масҷид, яъне ҷойҳое, ки безарар гардонида нашудаанд, хондани намоз қатъиян манъ аст. Аз ходимони масҷид тақозо мегардад, ки барои таъмини муҳити безарар тамоми чораҳои заруриро андешида, риояи онро аз ҷониби намозгузорон қотеона талаб намоянд.

Мақомоти дахлдор пайваста ҳолати риояи қоидаҳои беҳдошт дар масҷидҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе масҷидҳо қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ба таври лозимӣ риоя намегарданд ва аз ин сабаб ҳолатҳои сироятёбӣ ба маротиб меафзояд. Аз ин рӯ, эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки масҷидҳое, ки дар онҳо қоидаҳои беҳдошт риоя намегарданд, муваққатан баста шаванд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки худамон сабабгори баста шудани масҷидҳо ва аз ибодати дастаҷамъӣ дур мондани мардум нагардем.

Вобаста ба аҳкоми рӯзи ид таъкид менамоем, ки дар ин рӯз одамони зиёд барои хондани намози ид ба масҷидҳо ҳозир мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки одамон ба масҷидҳои марказӣ ҳозир нашуда, намози идро дар масҷидҳои назди хонаашон адо намоянд. Дар намози ид ҳам мисли намозҳои ҷамоат бояд қоидаҳои беҳдошт ҳатман риоя карда шаванд.

Одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд. Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рўзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд.

Гурӯҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он, ки худ саводи динӣ надоранд ва ҳатто сураи фотиҳаро ѓалат мехонанд.

Кўдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кўчаву хиёбонҳо беҳуда гаштугузор намоянд. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” таълиму тарбияи дурусти кўдакон вазифаи аввалиндараҷаи волидон буда, шариати исломӣ онро барои мо ҳам фарзу ҳам суннат гардонидааст.

Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти муроҷиатномаи Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар шарт аст. Аз ин рў, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон худдорӣ намоянд.

Шариати ислом инсонро ба дастболо шудан бар беморӣ водор мекунад. Дар робита ба ҳифзи ҳаёти инсон, мо дармеёбем, ки матнҳои шариат моро ба суроѓи дармон барои беморӣ ва ҷустани ҳар як роҳи имконпазир барои даст ёфтан ба ин ҳадаф водор мекунад. Ин маъноро дар гуфтаҳои Паёмбар (с) пайдо кардан мумкин аст, ки фармуданд: “Бандаи Худо, барои бемории худ дармон биҷўй, чун Худо дардеро бидуни дармон наофаридааст. Нафароне ҳастанд, ки онро медонанд ва нафароне ҳастанд, ки аз он огоҳ нестанд”. Таҷрибаи илмӣ ва таҳқиқоти тиббӣ матлаби ин ҳадисро тасдиқ мекунад. Мо аз ин ҳадис истидлол мекунем, ки мо ҳеҷ гоҳ набояд аз пайдо кардани дармон барои ҳар гуна беморӣ навмед шавем. Олимон ва табибон имрӯз давои бемории Ковид-19-ро кашф намуда, айни ҳол дар тамоми кишварҳои ҷаҳон эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузашта истодааст.

Мақсади эмгузаронии инсонҳо, новобаста ба пир ё ҷавон будани онҳо, аз масуниятдор кардани бадани онҳо алайҳи бемориҳои муайяни сироятӣ мебошад. Дар ҳақиқат масуниятдор кардан яке аз омилҳое мебошад, ки баданро қавӣ намуда, онро барои мубориза ба муқобили беморӣ қодир месозад.

Барои пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои таҷаммуъи одамон, дар назди бозорҳо, масҷидҳо ва ғайра, инчунин дар муассисаҳои тиббӣ ва дармонгоҳҳо нуқтаҳои ваксинагирии ройгон ташкил карда шудаанд. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи бемории Ковид-19 гирифтани ваксина барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18 сола боло ҳатмӣ буда, шахсоне, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, бояд ихтиёран 10 рӯз дар хона гӯшанишинӣ кунанд.

Аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконатон ҳатман аз ваксинатсия гузаред! Эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст. Агар ба ин масъала бепарвоӣ намоем, оқибати ногувор дорад!

Бо таманниёти солимии ҷомеа мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Қурбон аз самими қалб муборакбод намоем. Ба кулли ҳамватанон ибодати мақбул, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, фазои софу беѓубор ва неъмати бузурги тинҷиву осоиштагӣ таманно менамоем.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE