Нишастҳои матбуотии 22 июл
22 июл Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизони Сафина» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар Кумитаи мазкур баргузор мешавад. Бонки миллӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллӣ (Рӯдакӣ 23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) нишасти матбуотӣ баргузор менамояд. Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ баргузор мешавад.
Муассисаи давлатии «Телевизони Сафина» соати 13:30 дар муассисаи мазкур ва Кумитаи телевизион ва радио соати 14:30 дар бинои Кумита нишасти матбуотӣ мегузаронанд.